Раҳбарияти Kont Investment Bank муносибат доштани бонк бо тоҷири эронӣ Бобак Занҷониро рад намуда, изҳороти Вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи амали дороиҳои бонкро беасос мешуморад.

Ба гуфтаи роҳбари Kont Investment Bank Файзулло Солеҳов, бонк дар реҷаи пешина фаъолият дошта, аз ҷониби Вазорати молияи ИМА ба онҳо ҳеҷ огоҳие дар ин хусус нарасидааст.

Ҳуқуқшиноси бонк Сангин Раҷабов дар ин робита изҳор намуд, ки дар бораи аз ҷониби Вазорати молияи ИМА боздоштани амали дороиҳои бонк бинобар сабаби даст доштан ба паҳнкунии аслиҳаи қатли ом аз васоити ахбори умум огоҳ шуда, бонк ба тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ муносибате надорад, зеро ҳанӯз 22-юми январи соли 2013 аз муассиси бонк ширкати Kont Kosmetik мактуб-огоҳинома дар бораи иваз шудани муассисро гирифтаанд.

«Акнун ҷаноби Занҷонӣ на ба Kont Kosmetik, на ба бонки мо, на ба Asian Express Airline ва на ба Asian Express Terminal ҳеҷ муносибате надорад. Айни замон муассиси холдинг шаҳрванди Туркия хонум Мерве Ирмак мебошад», - иброз дошт ӯ.

Ба ҳар ҳол, қобили зикр аст, ки Бобак Занҷонӣ дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal (автовокзали Душанбе) ҳузур дошта, дар аксҳои аз ҷониби хадамоти матбуоти президенти ҶТ чопшуда чандин маротиба паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Гузашта аз ин, пас аз ифтитоҳи терминали мазкур дар мусоҳиба бо хабаргузории Би-Би-Сӣ Занҷонӣ дар бораи лоиҳаҳояш дар Тоҷикистон суҳбате анҷом дода буд.

Ҳуқуқшинос зикр кард, ки «боздошти амали дороиҳои Kont Investment Bank маънои онро дорад, ки бонк ба ҳеҷ гунае бо бонкҳои ИМА ҳамкорӣ карда наметавонад ва то анҷоми ин амал онҳо мебоист аудит мегузарониданд ё ҳадди ақал бонкро огоҳ месохтанд».

Ба қавли Раҷабов, айни замон дар Kont Investment Bank ягон суратҳисоби мансуб ба Бобак Занҷонӣ мавҷуд нест. «Албатта, изҳороти Вазорати молияи ИМА ба нуфузи бонк ва ҷалби мизоҷон таъсир мерасонад, ҳарчанд мо бонки сармоягузор буда, амонатҳои аҳолиро ҷалб намесозем ва танҳо ба қарздиҳӣ машғулем», - шарҳ дод ӯ.

Ҳуқуқшинос гуфт, чанд ҳафта қабл аз номи мақомоти раҳбарии Kont Investment Bank ба Идораи хазинадории ИМА оид ба ягон муносибат надоштани Бобак Занҷонӣ ба бонк мактуб фиристода шуда, ояндаи наздик ба ин монанд нома ба Вазорати молияи ИМА низ ирсол хоҳад шуд.

С.Раҷабов ҳамчунин изҳор намуд, ки айни замон бонк ба фаъолияти худ идома дода истодааст, зеро тақдири бонк дар Тоҷикистонро танҳо Бонки миллии ҶТ ҳал карда метавонад. «Агар Вазорати молияи ИМА оид ба ин масъала ба Бонки миллии ҶТ муроҷиат кунад, танҳо дар ин ҳолат бо супориши бонки танзимкунандаи ҷумҳурӣ амали дороиҳои бонк дар ин ҷо боздошт шуда метавонанд», - афзуд номбурда.

Kont Investment Bank дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис дода шуд. Фаъолияти бонк ба сармоягузорӣ ва пешниҳоди қарзҳо нигаронида шудааст. То ҳанӯз дар манотиқи ҷумҳурӣ бонк маъруфият касб накарда, айни замон асосан дар шаҳри Душанбе фаъолияти густурда дорад.