Бино ба маълумоти гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 58,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 16,4 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ интиқол гардидаааст, ки нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин қариб ду баробар (тақрибан 15,7 ҳазор тонна) камтар мебошад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон ба Тоҷикистон беш аз 32 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи 2 моҳи соли 2013 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ интиқол гардид.

Дар гузориш зикр мегардад, ки айни замон гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан интиқол дода мешавад.

Гуфта мешавад, ба иллати гаронии бензин беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба истифодаи гази моеъ гузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш роҷеъ ба қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон аз аввали соли равон бинобар сабаби анҷоми қарордод маълумот дода мешавад.

«Сарфи назар аз кӯшишҳои бенатиҷа, гуфтушунидҳои ҷонибҳо оид ба интиқоли газ дар соли 2013 идома доранд», - зикр мегардад дар гузориш.