Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари «Ugur Group» Иброҳим Ҷанполат баргузор гардид.

 Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фазои сармоягузориро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари «Ugur Group» Иброҳим Ҷанполат омодагии хешро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён намуда, қайд кард, ки дар рӯзҳои наздик ба Душанбе сафар хоҳад намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки «Ugur Group» аз 12 ширкат иборат буда, дар соҳаҳои бунёди корхонаҳои ордбарорӣ, корхонаи истеҳсолии таҷҳизотҳои соҳаи ордбарорӣ, сохтмони анборҳои нигоҳдории донагӣ, биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонхона фаъолият менамояд. «Ugur Group» дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд.