Аввали ҳафтаи оянда дар маҷмааи «Душанбе-плаза» бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон конфронси минтақавӣ баргузор мегардад.

Тавре аз муассисаи мазкур хабар доданд, дар назар аст, ки тибқи натиҷаи озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2011-2012 аз ҷониби Кумитаи тадорукот ғолибон эълон карда шуда ба онҳо дар ин чорабинӣ тӯҳфаҳои арзанда аз қабили Медали тиллоии Созмони умиҷаҳонии моликияти зехнӣ, Нишони фахрии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот, дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин чорабинӣ ба  бонувон - ихтироъкорони тоҷик Боқиева Гулбаҳор ва Раҳимова Мубошира, ки ба наздикӣ дар  шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз шашумин намоишгоҳи байналмиллалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ» бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ баргашта буданд, мукофотҳояшон дар ҷаласаи тантанавӣ супорида хоҳад шуд.

Инчунин санаи 12 июни соли равон дар маҷлисгоҳи калони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон доир ба чорабинии зикргардида, презентатсияи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» баргузор мегардад.

Дар конфронс меҳмонон аз Идораҳои патентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дигар давлатҳои хориҷа ширкат хоҳанд кард.