Тайи як ҳафта қурби доллари ИМА нисбати арзи миллӣ (сомонӣ) дар бозорҳои нақдии шаҳри Душанбе 2% боло рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 5 март қурби миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар пойтахт 6,0400-6,0600 (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад. Як ҳафта қабл қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 5,9400-5,9600 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар 4 минтақаи Тоҷикистон давоми як ҳафта 2,6% - аз 5,9200-5,9400 сомонӣ (26 феврал) то ба 6,0525-6,1300 сомонӣ (5 март) афзуд.

Тибқи маълумоти БМТ, қурби аз ҳама баланди хариду фурӯши доллари ИМА миёни минтақаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (6,1200-6,1300 сомонӣ) ва қурби нисбатан пасттар дар шаҳри Хоурғ (5,7000-5,7200 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 5 март қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА 5,0500-5,0700 сомонӣ ва шаҳри Кӯлоб - 6,000-6,0200 сомониро ташкил доданд.

Қобили зикр аст, ки қурбҳои миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозори байнибонкии асъори ҷумҳурӣ санаи 5 март 5,7164-5,9978 сомониро ташкил доданд.