Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муттаҳид шуда, сохтори нави онҳо ШСХК «Ширкати ҳавонаврадӣ (авиатсионӣ)-и Тоҷикистон» ном дорад.
Дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат ба имзо расида, вале директори генералии сохтори муттаҳилшуда алҳол таъин нагардидааст. Аз ин рӯ, айни замон вазифаи директори генералии ФБД ва ширкати «Тоҷик Эйр»-ро Рустам Холиқов ба уҳда дорад.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21 июли соли 2014, бо мақсади таъмини идоракунии пурсамари фаъолияти моливу иқтисодии ҶСК «Тоҷик Эйр», Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба як сохтори муттаҳида табдил ёфта, директори генералии ягонаи сохтори нав Рустам Холиқов таъин шуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан «Тоҷик Эйр» дар бозори авиатсияи граждании ҷумҳурӣ монополист буд. Фурудгоҳҳо ва тамоми хадамоти заминӣ ба воҳидҳои сохтории «Тоҷик Эйр» шомил буданд.
Соли 2008 ҳукумат дар бораи азнавташкилдиҳии ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» қарор қабул намуда, дар натиҷа фурудгоҳи Душанбе ва хадамоти заминии ширкат ба корхонаҳои алоҳида тақсим карда шуданд ва тайи солҳои ахир раҳбарияти ширкати «Тоҷик Эйр» аз ин тақсимот норозигӣ изҳор мекард.
Коршиносон бар ин назар буданд, агар ҳукумат ФБД ва «Тоҷик Эйр»-ро мутттаҳид созад, ин қарор вазъи молии «Тоҷик Эйр»-ро беҳтар мекунад, зеро солҳои ахир ширкат ба мушкилоти ҷиддии молӣ дучор гардида буд.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста