Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон», ки «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, ҳамагӣ каме бештар аз ним сол арзи ҳастӣ кард. Санаи 26 январ ҳукумати Тоҷикистон боз ин ду ширкатро ҷудо карда, онҳоро алоҳида ба номгӯи корхонаҳои Вазорати нақлиёт дохил кард.

Дар қарори ҳукумат, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба нашр расидааст, дар ин робита гуфта мешавад:

1. Ба номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

— сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

«Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»;

«Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»;

— сархати зерин хориҷ карда шавад:

«Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон».

2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

— аз 30 майи соли 2015, №363 «Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»;

— аз 21 июли соли 2014, №481 «Дар бораи Холиқов Р.И.».

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намояд.

Рустам Холиқов, ки то имрӯз ба «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе роҳбарӣ мекард, аз мансаби аввал маҳрум шуд. Роҳбари нави «Тоҷик Эйр» ҳанӯз таъин нашудааст.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 21 июли соли 2014, ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба як сохтори муттаҳида табдил дода шуда, директори генералии ягонаи сохтори нав Рустам Холиқов таъин шуда буд. Ба ин сохторҳо ҳукумат ду моҳ, яъне то моҳи сентябри соли 2014 муҳлат дод, то ки масъалаҳои тадорукотиву ҳуқуқӣ дар бораи бозсозӣ ва мутттаҳид кардани ин сохторҳоро ҳаллу фасл намоянд.

Зикр гардида буд, ки муттаҳид кардани ин сохторҳо бо мақсади таъмини роҳандозии фаъолияти пурсамари моливу иқтисодии ҶСК «Тоҷик Эйр» амалӣ мешавад, аммо барои муттаҳид сохтани ширкатҳо қариб як сол лозим шуда, холдинги муттаҳида танҳо ним сол арзи вуҷуд кард.

Қаблан «тоҷик Эйр» монополист дар бахши авиатсияи граждании Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Фурудгоҳҳо ва ҳама хадамоти заминӣ низ ба воҳидҳои сохтории «Тоҷик Эйр» дохил мешуданд. Соли 2008 ҳукумат дар бораи бозсозии «Тоҷик Эйр» қарор қабул кард, ки мутобиқи он фурудгоҳи Душанбе ва хадамоти заминии «Тоҷик Эйр» ба ширкатҳои алоҳида ҷудо карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои ахир раҳбарияти «Тоҷик Эйр» аз чунин ранг гирифтани кор норозигӣ изҳор мекард. Коршиносон бар ин назар буданд, ки агар ҳукумат Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва «Тоҷик Эйр»-ро ба сохтори ягона муттаҳид созад, ин қарор ба беҳбуди вазъи молиявии ширкати «Тоҷик Эйр», ки тайи солҳор ахир ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор буд, мусоидат мекунад.