Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2022 зиёда аз 470 млн долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 50% афзуд.
Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳрӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорат Дилшод Шарифӣ ва муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абӯбакров, ки ҳайати соҳибкорони Русияро дар сафар ба Душанбе роҳбарӣ мекунад, зикр шуд, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодӣ ва аз лиҳози стратегӣ муҳими Тоҷикистон мебошад.
“Дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия 476 млн долларро ташкил дод, ки 49% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикитсон, масъалаи содироти сабзавоту мева бо истифода аз долонҳои сабз, инчунин бунёди марказҳои савдои яклухт ва тақсимот дар қаламрави ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Ҳайати ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Русия иборат аз соҳибкорону намояндагони фарҳанг дар Тоҷикистон қарор дошта, то ин дам дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронид. Зимни ин сафар намояндагони ҳукумати шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе харитаи роҳи чорабиниҳои муштаракро барои давраи солҳои 2022-2026 ба имзо расониданд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста