Манъи муваққатии содироти ангишт ба хориҷи кишвар бо мақсади ба пуррагӣ таъмин намудани талаботи дохилӣ, аз ҷумла Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе 2” рӯи даст гирифта шудааст, хабар доданд аз Вазорати саноати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс”.

Ин ниҳод дар посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” гуфт, манъи содирот бо супориши сарвазири Тоҷикистон аз 17-уми августи соли 2022 сурат гирифтааст.

Дар вазорат зикр карданд, ки иҷозат ва муҳлати оғози содироти ангишт аз ҷониби ҳукумати кишвар муайян карда мешавад.

Моҳи октябр соли равон чанд ширкати содиркунандаи ангишт гуфтанд, содироти ангишт аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар манъ шудааст. Бо ишора ба ин, мо ба Вазорати саноати кишвар сабаби инро пурсидем.

Ба иттилои ин ниҳод, дар 9 моҳи соли равон 328 ҳазор тонна ангишт содир карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 294,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Содироти ангишт асосан ба Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи соли равон истихроҷи ангишт дар кишвар 2026,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин ниасбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 242,1 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи омори вазорат, то 1-уми ноябри соли равон захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунанда 285 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Аз Вазорати саноат гуфтанд, нархи миёнаи 1 тонна ангишт вобаста ба навъи ангишт аз мавзеи конҳои кишвар аз 250 то 600 сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта сокинон аз афзиоши нархи ангишт дар минтақаҳо шикоят мекарданд ва мегуфтанд, ки 1 тоннаи онро бештар аз 1 ҳазор сомонӣ мехаранд.

Ба таъкиди ин ниҳод, арзиши он нисбат ба аввали соли ҷорӣ тағйир наёфтааст ва он дар нуқтаҳои фурӯш аз ҷониби мақомоти дахлдор назорат ва ба танзим дароварда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, истихроҷи ангишт дар 14 корхонаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар 11 кон анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, 4 корхона ба тарзи зеризаминӣ ва 3 корхона ҳам ба тарзи зеризаминӣ ва ҳам рӯизаминӣ, 7 корхонаи дигар ба тарзи рӯизаминӣ ангишт истихроҷ мекунанд.

Аз Вазорати саноат гуфтанд, дар ҷумҳурӣ 36 кону зуҳуроти ангишт бо ҳаҷми умумии 4,3 млрд тонна ангшит муайян карда шудааст. Аз ин миқдор 320 млн тонна захираҳои тасдиқшаванда аст.

Беш аз 80 дарсади захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Фон-Яғноб, Шӯроб, Моғиён ва Шишқати шимоли кишвар ҷойгир аст. Қариб 18 дарсади дигар дар конҳои ангишти Зиддӣ, Назар-Айлоқ, Ҳакимӣ, Сайёд ва Истиқлоли минтақаи Рашт мавҷуд аст. Захираи боқимонда дар қисмати ҷанубу шарҳи кишвар дар конҳои ангишти Миёнаду, Шӯробод, Равнов ва зуҳроти Дашти Ҷум ҷойгир аст.

Ангишт яке аз маҳсулоти зарурии аҳолии деҳоти Тоҷикистон аст, ки асосан дар фасли сармо истифода мешавад. Бо оғози сардиҳо ва лимити барқ дар минтақаҳо аҳолӣ ангишту ҳезум харидорӣ мекунанд, то дар зимистон хонаҳояшонро гарм кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.