Арзоншавии сабикаҳо ё худ “хиштҳо”-и тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пас аз қиматшавии босуръат дар соли пандемияи 2020 дар соли 2022 идома ёфт.

Ҷараёни поинравии нархи онҳо дар соли гузашта суръат гирифт - аз 4,1% дар соли 2021 то 9% дар соли 2022.

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2020 бар асари болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба металли №1, сабикаҳои тиллоти БМТ ба андозаи 43% қимат шуданд.

Арзиши сабикаи 5-грамма имрӯз, 4 январ 3 ҳазору 117 сомониро ташкил медиҳад, ки 306 камтар нисбат ба аввали соли гузашта аст. Сабикаи 100-грамма 6 ҳазору 112 сомонӣ арзонтар шуда, акнун 61 ҳазору 255 сомонӣ нарх дорад.

Аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчунин сабикаҳои ченшудаи вазнашон 10, 20 ва 50 граммӣ низ фурӯхта мешаванд. Чи қадре, ки вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар меафтад ва баръакс. Масалан, ҳар 1 грамми сабикаи 5-граммӣ ба харидор 635,4 сомонӣ (62,2 доллар) ва баръакс 100-граммӣ - 612,5 сомонӣ (60 доллар) нарх дорад.

Қобили зикр аст, ки соли 2020 нархи нисбатан баланди тилло тайи ду қарни охир (аз соли 1830 то ҳозир) ба қайд гирифта шуд: 7 августи соли 2020 арзиши як унсия дар биржаи Лондон (дар бонки Rothschild) ба 2 ҳазору 67,15 доллар расид. Имрӯз як унсия 1 ҳазору 839,2 доллар нарх дорад. Як унсия ба 28,3 грамм баробар аст.

Сабикаҳоро аз куҷо метавон харидорӣ кард?

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард.

Сабикаҳо аз ҷониби Департаменти гардиши пул ва амалиёти хазинавии БМТ дар Душанбе, ки дар бинои кӯҳнаи бонк воқеъ аст, фурӯхта мешаванд.

Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дигар ҳуҷҷати иловагӣ талаб карда намешавад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.

Шахсони ҳуқуқӣ, ки сабикаҳои тиллои ченшуда харидан мехоҳанд, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндаи шахси ҳуқуқиро бо худ дошта бошанд.

Гувоҳнома (сертифкати) сабика бастаи махсуси муҳофизатӣ мебошад, ки аз маълумоти зерин иборат аст: рақами гувоҳнома, номгӯи маҳсулот ва истеҳсолкунанда, рақам ва озмоиши сабика, инчунин вазни номиналии он бо грамм.

Хариду фурӯши сабикаҳои тиллои ченшуда бо асъори миллӣ - сомонӣ анҷом дода мешаванд.

Барои истеҳсоли сабикаҳо аз металл (фулузот)-и дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида истифода мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ гардида, ҳаҷми начандон зиёди он ба корхона ва коргоҳҳои заргарӣ фурӯхта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.