Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, муҳлати пардохти қарзи КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" дар назди буҷет аз рӯйи андозҳо ва фоизҳо, ки то 1 ноябри соли 2022 ба вуҷуд омада буданд, ба муҳалти як сол ба таъхир гузошта шуд.

Дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, маблағи умумии ин қарзҳо ҳудуди 33 млн сомонӣ (зиёда аз 3,2 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳудуди 19 млн сомонӣ аз ин қарзҳо ба худи андоз ва зиёда аз 14 млн сомонӣ - ба фоизҳои он рост меояд.

Супориш дода шудааст, ки воридоти андозҳои ҷорӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси андози Тоҷикистон ва маблағи қарзҳои муҳлати пардохташон батаъхиргузошташуда аз рӯзи барқарор шуданашон ба буҷет таъмин карда шавад.

КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" корхонаи зертобеъи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Корхона корҳои баратараф намудани нуқсҳои электромагнитӣ - тағйирёбии ногаҳонии шиддат ва ҷараёнро дар занҷира анҷом медиҳад.

Қаблан пардохти қарзҳо аз андоз ва фоизҳои он барои Оператори миллии телекоммуникатсионии кишвар - ҶСК “Тоҷиктелеком”, ки он ҳам корхонаи зертобеъи Хадамоти алоқа мебошад, низ ба таъхир гузошта шуд.

Маблағи пардохташ барои ин корхона ба муҳлати як сол батаъхирафтода зиёда аз 67,2 млн сомонӣ (6,6 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Ин корхонаи Хадамоти алоқа тайи солҳои ахир байни қарздорони нисбатан бузург аз пардохти андоз ба шумор меравад.

Тобистони соли гузашта раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тақрибан 43% аз ҳаҷми умумии қарзҳо аз андоз ба се шахси ҳуқуқӣ: ҶСК “Сангттӯда-1” - 244,6 млн сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктелеком ва сохторҳои он - 123,3 млн сомонӣ ва ҶСК “НБО Роғун” - 55,8 млн сомонӣ рост меояд.

Тобистони соли 2021 бошад, бо қарори ҳукумат қарзҳо аз андози “Тоҷиктелеком” ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ (ҳудуди 1 млн доллар) аз эътибор соқит карда шуданд.

ҶСК “Тоҷиктелеком” дар таъмини кишвар бо интернет ва фурӯши он ба операторони хусусӣ монополист мебошад. Ба ақидаи коршиносони байнулмилалӣ, ин  рушди бозори алоқаро дар кишвар маҳдуд месозад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, қарзҳои воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 9 моҳи соли 2022 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 4,6% афзуда, ба 146 млн сомонӣ (зиёда аз 14,3 млн доллар) расидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.