Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзи 10 январ ба низоми пардохти “Золотая корона”-и Русия барои фаъолият дар ҷумҳурӣ иҷозатнома дод. Муҳлати иҷозатнома барои кори ин низом дар бозори Тоҷикистон 5 сол аст.

Дар хабари шуъбаи матбуоти БМТ дар ин робита зикр мешавад, ки оператори ин низом Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ) мебошад.

“Золотая корона” то соли 2020 дар Тоҷикистон бо ишғоли зиёда аз 80%-и бозори интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб кор мекард.

Моҳи декабри соли 2019 БМТ фаъолияти Маркази миллии протссессингиро оид ба интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб роҳандозӣ намуд. “Золотая корона” пайвастшавӣ ба ин марказро рад намуда, изҳор дошт, ки тартиби нав ба қонунгузории Русия мувофиқ нест.

Баъдтар моҳи феврали соли 2020 собиқ муовини раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе зикр кард, ки механизми кори низоми мазкур ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Ҳаҷми интиқоли маблағ хеле зиёд буда, назорати он ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст”, - гуфт Нуралиев.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории террористоне, ки моҳи июли соли 2018 дар Данғара сайёҳони хориҷӣ аз дасти онҳо кушта шуданд, бо интиқол тариқи низоми “Золатая корона” сурат гирифта буд.

Нуралиев гуфт, баъзе ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ шикоят карданд, ки бо истифода аз мавқеи ҳукумрон (монополия)-и худ дар бозор, ин низоми пардохт ба онҳо фишор овардааст.

Зикр шуд, ки “Золотая корона” бо истифода аз фишангҳои дар ихтиёр доштааш метавонист ба вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

“Тасаввур кунед, ба гунаи мисол, дар як шабонарӯз ба ҷумҳурӣ аз 250 то 300 млн рубл маблағ интиқол дода мешавад ва 82%-и бозорро як низом дар даст дорад. Дар ин ҳолат ягон ноқисии ночиз метавонист дар маҷмӯъ ба тамоми низоми бонкии кишвар таъсири манфӣ расонад”, - таъкид дошта буд ӯ.

Нуралиев бар ин назар буд, ки ҳадафи аслии “Золотая корона” пурра ишғол намудани низоми пардохти Тоҷикистон буд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Нуралиев моҳи июни соли гузашта аз вазифаи муовини аввали раиси БМТ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуд. Лекин мансаби дигар нагирифт.

Илова бар ин, нимаи моҳи декабр бо амри президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ӯ аз ҳайати аъзои Раёсати Бонки миллӣ хориҷ карда шавад.

Айни замон дар Рӯйхати операторони низомҳои пардохти Бонки миллии Тоҷикистон 15 низом сабт шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.