Дар моҳи январи соли 2023 нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 0,5% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5%, маҳсулоти ғайриозуқа - 0,9% ва хидматрасонии пулакӣ - 0,1% қимат шуданд.

Байни маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳама бештар сабзавот (9,5%), ярмаи марҷумак (крупа гречневая) (7,7%), биринҷ (5,6% ва шир (3,6%) гарон шуданд. Болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар навбати аввал ба зиёдшавии арзиши дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ (2,5%), воситаҳои шустан (2,4%), маҳсулоти доруворӣ (0,9%), либос, пойафзол ва масолеҳои сохтмон - ҳар кадоме 0,5% маънидод мешавад.

Болоравии начандон назарраси нарх ба хидматрасонии пулакӣ (0,1%) асосан аз ҳисоби қиматшавии таъмир ва дӯхтани пойафзол, андоз аз амволи ғайриманқул, хидматрасониҳои муассисаҳои томактабӣ ба вуҷуд омад.

Ёдрас мекунем, ки нархҳои истеъмолӣ дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар шароити шиддат гирифтани вазъи геополитикӣ ва таварруми баланд дар ҷаҳон, ҳамагӣ ба андозаи 4,2% боло рафтанд, ки яке аз сатҳҳои нисбатан паст дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад.

Соли гузашта нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2%, маҳсулоти ғайриозуқа - 4% ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 1,9% боло рафтанд.

Сатҳи ҳадафноки таваррум дар соли 2023 мисли чанд соли ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.