Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «China Road and Bridge Corporation»-и Чин дар бораи сохтмони роҳу пулҳо дар қаламрави ВМКБ қарордод ба имзо расид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Қарордод чанде пеш, рӯзи 27 март дар Душанбе дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» имзо шуд.

Ширкати Чин ба сохтмони пул дар Хоруғ аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ва роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр уҳдадор шуд.
Ғайр аз ин, дар қарордод сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км тариқи қаламрави деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, арзиши умумии амалисозии лоиҳа 31, 2 млн долларро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.
Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.
“Тақдири талхи се ятим”. Нахустнамоиши филми “Се хоҳарон...” дар Душанбе
Дар робита ба парвандаи сарбозозорҳо на 5 нафар, балки 8 нафар равонаи зиндон шуданд
Президенти Федератсияи байнулмилалии ҷудо Мариус Визер ба Душанбе омад
Сафирони нави Тоҷикистон кистанд?
Аз “андоз аз Google” буҷети Қирғизистон имсол 600 ҳазор доллар даромад гирифт. Дар Тоҷикистон чӣ?
Аз меъёри иқлимӣ баланд. Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи якуми тобистон
Омодагии Доғистон ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба нишасти ИА - Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад
Тағйироти кадрӣ. Эркин Раҳматуллоев ба нафақа рафту ду муовини вазир сафир шуданд
Боздошти нафаре, ки духтури Беморхонаи “Истиқлол”-ро латукӯб кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста