Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензини  бар асоси имтиёз дар соли ҷорӣ воридшуда ҷиҳати ташаккули захираҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад.

Ба воридоти маҳсулоти зикршуда Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул аст.

Бо қарори ҳукумат аз 15 апрели соли равон, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, супориш дода мешавад, ки номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки  аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад.

Дар номгӯй маҳсулоти зерин бо ишора ба ҳудуди ниҳоии он дохил шудааст:

- гандум - 70 ҳазор тонна;

- шакар (қанд) – 35 ҳазор тонна;

- орд – 10 ҳазор тонна;

- равғани растанӣ - 2 ҳазор тонна;

- биринҷ - 1 ҳазор тонна;

- бензин - 90 ҳазор тонна;

- сӯзишвории дизелӣ – 90 ҳазор тонна;

- карбамид – 15 ҳазор тонна;

- селитра - 5 ҳазор тонна.

Имтиёздорони соли 2023

Барои бар асоси имтиёз ворид нмудани маҳсулоти дар боло зикршуда ба Агентии зхаираҳои моддии давлатӣ мутобиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023” ҳуқуқ дода шудааст.

Дар қонун ба баъзе корхонаву ташкилотҳои дигар низ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳои сершумор пешбинӣ шудааст.

Миёни онҳо бинокори меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” зикр шудааст, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт 18 сол инҷониб сохта мешавад.

Фармоишгар ва паймонкори кулли ин иншооти сохтмонаш тӯлонӣ 50% аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешавад. Воридоти маҳсулоти зарурӣ барои иншооти мазкур бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва 50% ААИ сурат мегирад.

Ба бинокорони Театри миллии Тоҷикистон ва бинои бисёрсоҳавии маъмурӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии қаламрави ноҳияи Сино низ ба ин монанд имтиёзҳо дода шудааст.

Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, ки сохтмонаш ҳоло идома дорад, ҳамасола дар рӯйхати имтиёздорон дарҷ мешавад. Сохтмони ин иншоот дар майдони 1,5 гектар аз моҳи марти соли 2006 оғоз шуд. Дар назар буд, ки меҳмонхона тирамоҳи сои 2007 ба истифода мешавад.

Дар қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2023 додани имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ дар 14 банд пешбинӣ шудааст.

Маълумоти муфассал дар ин бора дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.