Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди “Рогун- Обигарм –Нуробод” сазовори Ҷоизаи тиллоии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) “Gold Award” дар соҳаи рушди устувор  гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷоиза рӯзи 5 май аз ҷониби  роҳбари минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ба вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим супорида шуд.

Гуфта мешавад, тақрибан 40 лоиҳа ва корхонаҳо аз саросари ҷаҳон, ки дар таъмини устувории экологӣ ва иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд, соҳиби ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии БАТР шуданд. Қарор дар ин бора  ба наздикӣ  дар  идораи марказии бонк дар Лондон қабул гардидааст.

Ҷоиза ба вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим супорида шуд
Сурат: Вазорати нақлиёти ҶТ

Лоиҳаи Тоҷикистон, ба гуфтаи Айтен Рустамова, бо дарназардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо дар солҳои охир боло рафтааст, қадрдонӣ ва соҳиби ҷоизаи олӣ гардидааст.

Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи  автомобилгарди  "Роғун-Обигарм-Нуробод" аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ зиёда аз 75 километрро ташкил медиҳад.

Марҳилаи аввали сохтмони роҳ  беш аз 30 километрро аз қитъаи Обигарм то Тагикамар фаро мегирад.

“Дар айни замон мутахассисон бо истифода аз техника ва механизмҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки иншоотро мувофиқи талаботи замон сохта, ба истифода диҳанд”,- омадааст дар хабари Вазорат.

Зикр мегардад, ки корҳои заминӣ, пармакунӣ, насби обпартои бетонӣ, деворҳои такягоҳ, насби арматура ва умуман корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин қитъа, тибқи лоиҳа, сохтмони 5 пули дарозиашон 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, 2938 метр деворҳои муҳофизатии оҳану бетонӣ, 1986 метр деворҳои муҳофизатии сангу бетонӣ, 73 қубури дренажӣ бо  дарозии 3300 метр ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар ин қитъа сохтмони ду нақб, аз ҷумла нақби Карағоч бо дарозии 1701 метр ва Кандак бо дарозии 1610 метр идома дорад.

Роҳи автомобилгард аз ду хати ҳаракат иборат аст, паҳнои стандартии роҳ 12-15 метр ва паҳлӯҳо 2,5 метрро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ роҳи автомобилгарди “Рогун - Обигарм - Нуробод” ба категорияи сеюми сохтмони роҳ мутобиқ карда мешавад.

Дар айни замон дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа 417 нафар мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ бо иштироки 110 адад техникаву   механизмҳо дар 41 нуқта кор мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 311 нафарро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Маблағгузорӣ барои амалисозии лоиҳа аз сарчашмаҳои зерин сурат мегирад: Гранти Бонки осиёии рушд – 110 млн доллар; Қарзи Фонди ОПЕК – 40 млн доллар;  Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 28,1 млн. доллар.

Ба татбиқи лоиҳа дар марҳилаи якум ширкати Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited-и Чин машғул аст.

Зарурати сохтмони роҳи нави Обигарм-Нуробод дар он ифода меёбад, ки ба андозаи пур шудани обанбори неругоҳи Роғун роҳи кӯҳна зери об мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.