Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) рушди иқтисоди Осиёи Марказиро ба андозаи 5,2% дар соли 2023 ва 5,4% - дар соли 2024 пешгӯӣ мекунад, ки баландтарин нишондиҳандаи афзоиш миёни минтақаҳои фаъолияти бонк аст.

Дар ин бора дар гузориши БАТР “Дурнамоҳои минтақавии иқтисодӣ” сухан меравад. Санад имрӯз, 16 май нашр шудааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон идома ёфта, дар соли 2023 ба 7,5% мерасад. Ҳамин гуна сатҳи афзоиш дар соли 2024 низ пешгӯӣ шудааст.

"Ба ин мизони нисбатан пасти таваррум, афзоиши талаботи Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон, боз шудани бозор (кушодани марзҳо пас аз коронавирус)-и Чин ва рушди фаъоли инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ мусоидат мекунад", - омадааст дар санад.

Ҷадвал аз рӯи кишварҳои минтақа
Сурат: намогирифт

Аммо тавре муаллифони гузориш зикр мекунанд, хатарҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонанд.

"Бад шудани шароити берунии марбут ба авзоъ дар Афғонистон ва ҷанг миёни Русияву Украина ва ҳамчунин мавҷудияти баъзе мушкилот дар зерсохтор, ки дар тиҷорат монеаҳо эҷод мекунанд, омилҳои муҳими хатар мебошанд", - зикр мешавад дар гузориш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.