Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон форуми тиҷоратии “Бохтар Фуд - 2023” бо иштироки беш аз 300 нафар соҳибкорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ оғоз гардид.
Форумро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳадафи аслии онро баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят, рушди ҳамкориҳои тмҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак унвон кард.
Ӯ дар бораи имкониятҳои истеҳсолии вилоят ба ҳозирин маълумот дод, зикр кард, ки айни ҳол вилояти Хатлон беш аз 50 дарсади маҳсулоти кишоварзии кишварро истеҳсол мекунад ва барои афзоиши ин нишондиҳанда, захираҳо зиёд мебошанд.
“Мавқеъи ҷойгиршавии вилоят имкон медиҳад, ки маҳсулот ба бозорҳои байналмилалӣ бароварда шавад. Вилоят бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст ва бо 40 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодӣ дорад”, - таъкид кард Давлаталӣ Саид.
Раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват кард, ки фаъол бошанд ва бо ҳамтоёни хориҷиашон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор кунанд.
“Форуми мазкур барои шумо имконият медиҳад, ки вобаста ба идея ва лоиаҳои тиҷоратии худ бо ҳамтоёни хориҷиатон суҳбат кунед ва равобити тиҷоратиро ба роҳ монед”, - иброз дошт Давлаталӣ Саид.
Ӯ ваъда дод, ки “барои рушди соҳибкорӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ тамоми шароитро фароҳам оварда, соҳибкорон ва сармоягузаронро дастгирӣ мекунад”.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, роҳбари Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки баргузории ин форум дар рушди соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон муҳим аст.
Ин маротибаи сеюм аст, ки дар вилояти Хатлон чунин форум баргузор мешавад. Ташкилкунандаи он Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста