Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 560 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 34% ё худ 288 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Коҳиши ҳаҷми содироти кишвар дар навбати аввал ба кам шудани фурӯши фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо (коҳиш - 97%), нахи пахта (55%), молу маснуоти нассоҷӣ (44%) вобаста аст.

Ғайр аз ин, ҳаҷми содироти сабзавоту мева, инчунин маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентратҳо, неруи барқ, ангишт) низ кам шудааст.

Шарикони асосии Тоҷикистон аз рӯи содирот дар ин давра Қазоқистон - 23,6% (аз ҳаҷми умумии содироти мол), Чин - 22%, Туркия - 13,1% ва Русия - 12,9% мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, воридоти молу маҳслуот баръакс, ба андозаи 21% - аз 1,9 млрд доллар дар моҳҳои январ-майи соли 2022 то ба 2,3 млрд доллар афзудааст.

Воридот асосан аз маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва ғайра) - 17%, мошин ва таҷҳизот - 14%, фулузоти арзон ва маснуот аз он - 10% иборат аст.

Ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия (27,8% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (20,4%) ва Қазоқистон (15,1%) молу маҳсулот ворид карда шудааст.

Ба сурати умум, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ зиёда аз 2,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,9% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 104 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.