Давоми солҳои 2012-2022 Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 2,9 млрд доллар сармоягузорӣ кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, ҳудуди 2,2 млрд долларро сармоягузориҳои мустақим ва зиёда аз 700 млн долларро дигар сармоягузориҳо (қарзу грантҳо - эзоҳи муаллиф) ташкил доданд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра аз Русия, ки шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 992 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифтааст.

Дар сохтори сармоягузории Русия 40% (397 млн доллар) сармоягузории мустақим, 1,6% (ҳудуди 16 млн доллар) - сармоягузориҳо ба сандуқ (харидани коғазҳои қиматнок) ва 58% (575 млн доллар) дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ зикр карданд, ки сармоягузориҳои дар ин давра аз ҷониби Чин ва Русия воридшуда асосан ба бахшҳои саноати кӯҳкорӣ, миёнаравии молиявӣ, сохтмон, алоқа ва дигар соҳаҳо равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки сармоягузорони Чин танҳо аз нимаи солҳои 2000-ум ба маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон оғоз карда, дар зарфи 10 сол аз сармоягузории асосии ҷумҳурӣ - Русия пеш гузаштанд.

Маълумоти муфассалро дар ин бора бо суроғаи зерин дарёфт карда метвонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.