Ҷараёни ҷорисозии QR-коди ягона мувофиқи қарори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бояд то 1 июл ба охир мерасид, хабар дод ба “Азия-Плюс” мутахассиси “Алиф Бонк” Беҳзод Камолов.

Ӯ зикр кард, ки то ин сана аксарияти ташкилотҳои қарзивe молиявӣ ба ин низом пайваст шуда, лавҳаҳо (табличкаҳо)-и QR-код-ро ба шакл (формат)-и ягона иваз карданд.

Ба гуфтаи Камолов, “Алиф Бонк” то санаи муқарраршуда фурсат наёфт, ки ҳамаи лавҳаҳо бо QR-код-ро иваз намояд, зеро нуқтаҳои зиёди хидматрасонӣ дорад.

“То ин дам муяссар шуд, ки дар 70%-и нуқтаҳои фурӯш лавҳаҳоро иваз кунем. Дар нақша дорем, ки то охири ҳамин моo лавҳаҳои боқимондаро иваз намуда, ин корро ба итмом расонем”, - иброз дошт ӯ.

Ҳамааш аз чӣ оғоз шуд?

Мутахассис таъкид кард, ки таҳияи лоиҳаи ҷорӣ намудани QR-кодҳои ягона аз ҷониби “Алиф Бонк” ва ТАҚХ “Ҳумо” дар ҳамдастӣ бо Бонки миллӣ аз соли 2021 оғоз шудааст.

«Ифтитоҳи озмоишии ин лоиҳа 1 декабри соли 2022 доир гардид. Мо санҷиш гузаронидем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ муваффақона анҷом ёфт ва моҳи март насби саросарии QR-кодҳои ягона оғоз шуд», - гуфт ӯ.

Камолов зикр кард, ки ҳадаф аз таҳияи лоиҳа таъмини муштариён бо пардохти қулай барои пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад.

Номбурда таъкид кард, ки бо истифода аз QR-коди ягона муштариён метавонанд тариқи ҳама гуна ҳамёни мобилӣ пули молу хидматрасониҳоро пардохт кунанд.

«Пештар дар нуқтаҳои савдо ба муштариён лозим меомад аз фурӯшандагон аниқ кунанд, ки дар ин ҷо QR-коди ин ё он бонк кор мекунад ё не. Ҳоло, барои пардохт, танҳо як QR-и ягона мавҷуд аст. Дар сурати мавҷуд будани ҳамёни ҳама гуна бонк, муштариён пардохтро метавонанд дар ин фурӯшгоҳ  ба осонӣ анҷом диҳанд”, - шарҳ дод мутахассис.

Камолов зикр кард, ки дар аксари нуқтаҳои савдои Душанбе пардохт аллакай бо истифода аз QR-коди ягона қабул мешавад.

«Масалан, ин дар тарабхонаи «Мерве», супермаркети «Диёр», шабакаи муассисаҳои «Фуд Мастер» (SFC, “Sait Efendi”, “Aladdin”, “Ролл Хаус”), “Шаурмастер” амал мекунад», - илова кард ӯ.

Бино ба маълумоти БМТ, дар аввали семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дар корхонаҳои савдо ва хидматрасонии ҷумҳурӣ ҳудуди 20 ҳазор адад QR-кодҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, ки 6,4 ҳазор адад (58%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

QR-код чист?

QR-код - мухтасар аз Quick Response, тарҷумааш аз англисӣ - “ҷавоби зуд” аст. QR-код имкон медиҳад, ки ба маълумот фавран дастрасӣ пайдо кунед. Масалан, барои кушодани сомона ё ворид шудан ба кабинети шахсии худ. Шумораи ҳадди ниҳоии аломатҳое, ки дар код рамзгузорӣ карда мешаванд, 4296 аст.

QR-код аз штрихкод чӣ фарқ дорад?

QR-код дар ду самт - амудӣ (вертикалӣ) ва уфуқӣ (горизонталӣ) ва штрих-код - танҳо ба таври уфуқӣ хонда мешавад. Ба шарофати ин, QR-код дорои маълумоти бештар аст.

QR-кодро смартфон хонда метавонад, дар ҳоле ки штрих-код сканерҳои махсусро талаб мекунад.

QR-код дар ҳар кунҷ хонда мешавад, штрих-код танҳо уфуқӣ аст.

Чӣ тавр QR-кодро тавассути телефон кушодан мумкин аст?

Телефонҳои муосир QR-кодро бо камера мехонанд - насб кардани замимаҳои иловагӣ лозим нест. Барои скан (нусха) кардани QR:

- Камераро дар дастгоҳи мобилӣ кушоед.

- Камераи худро ба QR-код равона кунед.

Вобаста аз дастгоҳ, QR-код ба таври худкор (автоматӣ) кушода мешавад ё аз шумо хоҳиш мекунад, ки кушодани онро тасдиқ кунед.

Агар камераи телефони шумо QR-кодро хонда натавонад, барои кушодани кодҳо замима боргирӣ (скачать) кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.