Акнун бо ёрии Dushanbe City дар замимаи DC Next ҳама навъҳои андоз барои шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродро тариқи ғайринақдӣ пардохт кардан мумкин аст.

Агар андозро пардохт карданӣ бошед, аз дастури зерин осон истифода баред:

- Замимаи DC Next-ро кушода, ба бахши  “Оплата услуг” (Пардохти хидматрасониҳо) гузаред;

- Тугмаи “Оплата налогов” (Пардохти андозҳо)-ро пахш намуда, яке аз фаслҳо -  “Индивидуальные предприниматели” (Соҳибкорони инфиродӣ) ё “Физические лица” (Шахсони воқеӣ)-ро интихоб кунед;

- Барои ИП (СИ) варианти Андоз аз даромади соҳибкорони ифиродиро интихоб кунед

Андози иҷтимоии соҳибкорони инфиродӣ

Низоми содашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд

Ё барои шахсони воқеӣ:

Андоз аз даромад барои шахсони воқеӣ

Андоз аз амволи ғайриманқул

Андоз аз моликони воситаҳои нақлиёт аз шахсони воқеӣ

Андоз аз даромади шахсони воқеӣ (барои иҷора)

- Дар равзанаи пайдошуда маблағи зарурӣ ва кортеро, ки аз он маблағҳо гирифта мешаванд, ворид намоед;

- “Оплатить” (Пардохт кардан)-ро пахш намоед. Маблағ дар як лаҳза мегузарад.

Пардохти андозҳо тариқи ғайринақдӣ мувофиқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 таҳти №586 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” амалӣ мешавад. Аз 1 августи соли ҷорӣ ҳамаи пардохтҳои давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ сурат мегиранд. Ҳамин тариқ, ҳар як шаҳрванд барои пардохти хидматрасониҳои мазкур аз кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, замимаҳои мобилӣ ва интернет-банкинг, POS-терминалҳо ва QR-кодҳо истифода бурда метавонад.  

Дар замимаи DC Next барои пардохтҳои давлатӣ аз қабили: андоз, ҷарима, маблағҳои суғурта, пардохтҳои коммуналӣ имконоти зиёд пешниҳод мешавад.

Аз замимаи DC Next аз ҶСП “Душанбе Сити Банк” барои пардохти хидматрасониҳои давлатӣ истифода баред, то ки ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон мусоидат намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.