Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар нимсолаи аввали соли равон ба ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳаҷми 1 млрд 376,55 млн киловатт-соат неруи барқ интиқол додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

Ин нишондиҳанда 84,27 млн киловатт-соат зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и истифодаи иқтидори насбшуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 47,6%-ро ташкил додааст.

“Сатҳи миёнаи пардохти интиқолҳои ҷорӣ аз оғози соли 2023 аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” аз 31% аз арзиши барқи интиқолёфта зиёд нест”, - зикр мешавад дар хабар.

Қарзи “Барқи тоҷик” дар нимсолаи аввал 346,81 млн сомонӣ афзуда, ба ҳолати 30 июни соли 2023 зиёда аз 2,7 млдрд сомонӣ (беш аз 247 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар хабар таъкид мешавад, ки корҳои таъмиру техникӣ дар НБО “Сангтӯда-1” мувофиқи ҷадвал гузаронида мешаванд.

“Иҷрои корҳои таъмир ба истеҳсоли неруи барқи зарурӣ дар неругоҳ таъсир намерасонад”, - илова шудааст дар хабар.

Маълумотнома: ҶСК “НБО Сангтӯда-1” корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия мебошад, ки моҳи феврали соли 2005 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи неругоҳ дар дар дарёи Вахш таъсис дода шудааст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” ба 670 МВт баробар аст. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми неругоҳ 20 январи соли 2008 баргузор шуд. Маросими тантанавии ба истифода додани ҳамаи чор агрегати неругоҳ 31 июли соли 2009 доир гардид.

Ягона харидори барқи истеҳсолшуда дар НБО “Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши онро ба истеъмолгарони ниҳоӣ таъмин мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.