Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди байнулмилалии рушди ОПЕК рӯзи 20 декабр ба маблағи умумии 18 млн доллар созишномаҳои қарзӣ ба имзо расид. Маблағҳо ба амалисозии ду лоиҳа дар Тоҷикистон равона мегарданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санадҳо аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа имзо шуданд.

Созишномаи аввал ба маблағи 10 млн доллар ба амалисозии марҳилаи якуми лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” дахл дорад.

“Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати шабакаи роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтидори транзити байналмилалии кишвар мебошад, - гуфта мешавад дар хабар. -  Ин созишнома пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК маблағгузорӣ мегардад”.

Созишномаи дуюм ба маблағи 8 млн доллар ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” равона мегардад.

Ин лоиҳа бо мақсади мусоидат ба беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим амалӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, маблағгузории ин лоиҳа низ пурра аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Фонди мазкур сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.