Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини молии се тарҳи калидӣ ба маблағи 71 миллион доллар созишномаи грантӣ имзо карданд.
Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад, ки созишномаҳоро Файзиддин Қаҳхорзода, вазири молияи кишвар ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ имзо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳо, қарздиҳии бонкӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва мусоидат ба ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷирҳои арзиш мебошад.
Маблағи лоиҳаи мазкур 37,2 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Мақсади маблағгузории иловагии лоиҳаи “Минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000” интиқоли барқи изофа Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли тобистон Афғонистон ва Покистон мебошад. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои нерӯи барқ ва ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.
Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи мазкур 11,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.
Мақсади маблағгузории иловагии “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа ба ҳисоб меравад.
Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи зикршуда 10,0 млн доллари амрикоӣ мебошад, ки он аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста