Аз 1-уми январи соли 2024 андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои воридоти ҳама намуди молу маҳсулот (иҷрои кор ва хидматрасонӣ) барои пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ  14 дарсад поён шуд. Дар ин бора дар Кодекси нави андоз, ки соли 2022 ба иҷро даромад, зикр мешавад.

Дар он гуфта мешавад, ки ин меъёр то 31-уми декабри соли 2026 амал мекунад. Бо анҷоми ин муҳлат эҳтимол андозаи меъёри ААИ тағйир ёбад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки меъёри ААИ барои иҷрои кори сохтмонӣ, хидматрасонии меҳмонхонавӣ ва хидматрасонии хӯроки умумӣ, ки 7 дарсад муқарар шудааст ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хидматрасонии таълимӣ ва фаъолияти оид ба хизматрасонии тиббӣ дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо бе ҳуқуқи баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки 5 дарсад маълум шудааст, бетағйир боқӣ мемонад.

Дар мактуби дастурии Кумитаии андоз, ки бо такя ба қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2024 ба мақомоти ҳудудии андоз ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки ААИ танҳо барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ), барои воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, инчунин, барои маҳсулоти макаронии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ва фурӯши он, барои фурӯши равғани растанию боқимондаи коркарди он (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) 10 дарсад муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар қонунгузорӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ меъёрҳои гуногуни ААИ муқаррар нашудааст.

Бояд гуфт, ки Кодекси нави андоз дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт. На ҳама тағйиротҳое, ки дар он ворид шудааст, дар соли 2022 эътибор пайдо карданд. Баъзеи онҳо марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Дар Кодекси нави андоз шумораи андозҳо аз 10 ба 7 кам карда шуд.

Тибқи иттилои Агентии омор дар 10 моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо ҳудуди 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,9 млрд доллар) ба буҷети давлатии Тоҷикистон маблағ ворид шудааст.

Ин нишондиҳанда 4,7 дарсад зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 - 18,8 фисад (қариб 3,4 млрд сомонӣ) зиёдтар мебошад.

Байни андозҳои асосӣ афзоиши ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар муқоиса бо моҳҳои январ-октябри соли 2022 қариб ба миқдори 1,4 млрд сомонӣ, андоз аз даромад - 836,4 млн сомонӣ ва аксизҳо - 362,4 млн сомонӣ зикр мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.