Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 63 млрд сомониро ташкил дод, ки 9% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст. Аммо истеҳсоли маҳсулоти асосии стратегии кишоварзӣ - пахта дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас кам шуда, хоҷагиҳо нақшаи ҷамъоварии онро иҷро накарданд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 чунин маълумот дода шуд.

Ба ин тариқ, бино ба маълумоти Вазорат, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 6,8% афзуда 43,3 млрд сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ - 14,1% зиёд шуда, 19,6 млрд сомониро ташкил дод. Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 24,6% баробар шуд.

Ба иттилои Вазорат, нишондиҳандаҳои истеҳсол қариб дар ҳама навъҳои маҳсулот афзуда, аз пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2025 зиёд шуданд.

Сурат аз торнамои prezident.tj

Соли гузашта ҳосили баланди ғалладонагиҳо, сабзавоту полизиҳо, инчунин картошка ва мева ба даст оварда шуда, истеҳсоли гӯшту шир ва тухм афзудааст. Нишондиҳанддаҳо аз рӯи ин категорияҳо якчанд фоиз - аз 1% (тухм) то 18% (полизиҳо) беҳтар шудаанд.

Аммо бо сабабҳои гуногун хоҷагиҳои аграрии кишвар аз уҳдаи иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта, ангур, моҳӣ ва асал баромада натавонистанд.

Нишондиҳандаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта 85%-ро ташкил дода, дар ҷумҳурӣ 344 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Тибқи нақша ҳаҷми он 429,6 ҳазор тонна дар як сол пешгӯӣ шуда буд.

Ба гуфтаи коршиносон, коҳиши истеҳсоли пахта якчанд сабаб дорад. Шароити номусоиди обуҳаво, озмоишҳои бебарор бо тухмиҳои хориҷӣ, нархҳои пасти яклухт ба пахта, мавҷуд набудани ҳавасмандсозии пахтакорон, коҳиши майдони кишти пунбадона ва ғайра аз ҷумлаи ин сабабҳоянд.

Ҳисли ангур ҳамагӣ 67,7% аз нақшаро ташкил дода, сабаби аслии он ба шароити обуҳаво вобаста аст: бар асари сармои аввали соли 2023 қисмате аз токзорҳо нобуд шуданд.

Аз рӯи нишондиҳандаи истеҳсоли асал ба ҳар сари аҳолӣ тайи солҳои ахир Тоҷикистон дар зинаи аввал дар Осиёи Марказӣ ҷой гирифт (0,46 кг). Имсол ҳудуди 4,7 ҳазор тонна асал истеҳсол шудааст, ки 1,6% камтар аз нақша аст.

Итеҳсоли моҳӣ низ 6,1% кам шуда, аз 5,8 ҳазор тоннаи тибқи нақша пешбинишуда, 5,4 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Мувофиқи меъёрҳои ғизо (9 к дар як сол), барои пурра таъмин кардани аҳолии Тоҷикистон истеҳсоли на камтар аз 90 ҳазор тонна моҳӣ дар як сол зарур аст.

Айни замон барои рушди соҳҳаи моҳипарварӣ барномаи махсус қабул шудааст, лекин барои ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд ва сармоягузорӣ лозим аст, зеро ҷумҳурӣ ҳамагӣ 5% аз талаботи аҳолиро ба маҳсулоти моҳӣ таъмин мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.