Қурби расмии доллар нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, тайи ҳафтаи ахир ба андозаи 2% - аз 10,90 сомонӣ рӯзи 14 апрел то 10,68 сомонӣ (1 доллар) ба имрӯз, 22 апрел поин рафт.
Асъори амрикоӣ пас аз болоравии босуръати қурбаш нисбати сомонӣ дар охири моҳи ноябри соли гузашта, дар муддати қариб 5 моҳ бо тағйирёбии начандон назаррас ба самти болову поин тақрибан дар як сатҳ (ба ҳисоби миёна 10,93 сомонӣ) боқӣ мемонд.
Авҷи болоравии доллар нисбати сомонӣ нимаи моҳи апрел дар пасманзари коҳиши босуръати асъори амрикоӣ нисбати рубл - аз 86 рубл то 81 рубл (1 доллар) дар рӯзи 22 апрел оғоз гардид.
Қобили зикр аст, ки қурби пули миллии Тоҷикистон бинобар сабаби робитаҳои зичу густардаи тиҷоративу иқтиодӣ бо Русия, ба рубл вобастагии зиёд дорад.
Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, зиёда аз 90%-и гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Русия тибқи маълумоти БМТ, бо рубл анҷом дода мешавад ва тағйирёбии қурб метавонад ба интиқоли маблағҳо бо сомонӣ таъсир расонад, ки дар навбати худ ба қурби сомонӣ низ таъсир мерасонад.
Ба ақидаи мутахассисон, болоравии қурби рубл ба беҳбуди вазъи иқтисод дар Русия мусоидат намуда, дар навбати худ он ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад ва қурби сомонӣ мустаҳкам мегардад.
Ин ба муддати дароз аст?
Дар расонаҳои Русия ва доираҳои коршиносӣ дар мавриди давомнокии мустаҳкм шудани қурби рубл нисбати доллар ақидаҳои мухталифанд.
Таҳлилгарони SberCIB пешгӯӣ кардаанд, ки дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат қурби рубл метавонад дар сатҳи то 85 рубл дар ҳафтаҳои наздик қарор гирад. Аз баргаштани рубл ба сатҳи 105 рубл (1 доллар) охири сол интизорӣ меравад.
“Барои устувор шудани қурби рубл вуруди назарраси сармоя ё афзоиши назарраси содирот лозим аст”, - навиштааст хабаргузории РБК бо истинод ба онҳо.
Иқтисодчӣ Вячеслав Таквел бар ин назар аст, ки болоравии ҳозираи қурби рублро наметавон тасҳеҳи мукаамал номид, ки як сол давом кунад. “Ба гумони ғолиб, ҳамаи гап сари давраест, ки содиркунандагони ватанӣ фаъолона андозҳоро пардохт мекунанд”, - овардааст гуфтаҳои ӯро хабаргузории DEITA.RU.
Коршиноси бозори фондии «БКС Мир инвестиций» Михаил Зелтсер пешгӯӣ мекунад, ки қурби доллар дар ду моҳи наздик на дар сатҳи 80 рубли кунунӣ, балки ҳудуди 90 рубл дар назар аст.
“Охири фасли баҳор тағйири омилҳо ва берун рафтани асъори хориҷӣ имконпазир аст: содирот каму воридот афзуда, Бонки марказӣ ба сабуксозии сиёсати пуливу қарзӣ оғоз мекунад”, - хулоса кардааст ӯ.






Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста