Аҳолии Тоҷикистон барои хидматрасониҳо торафт зиёдтар сарф мекунанд: дар зарфи 7 моҳи соли 2025 маблағи он ба 16,4 млрд сомонӣ расидааст. Аз се сомонӣ қариб як сомониаш ба эҳтиёҷоти рӯзмарра харҷ мешавад: таъмир, либосшӯйӣ ва ба тартиб овардани муйи сар. Лекин фарқият миёни минтақаҳо хеле бузург аст: агар дар Душанбе хароҷот бар ҳар сари аҳолӣ 8280 сомониро ташкил диҳагд, пас дар Хатлону ВМКБ он ба камтар аз 500 сомонӣ баробар аст.

Мизоҷи асосӣ аҳолӣ ва хидматрасонҳо - ширкатҳои хусусӣ

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 ҳаҷми хароҷоти аҳолӣ ба соҳаи хидматрасонӣ 16,4 млрд сомониро ташкил додааст, ки қариб 17% зиёдтар нисбат ба як соли пешин аст. Шохис (индекс)-и нархҳо дар ин давра ба 104,2% расидааст.

Бештари истифодаи хидматрасониҳо дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони қаторӣ рост меояд. Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 11,7 млрд сомонӣ аз хидматрасониҳо истифода бурдаанд, ки аз се ду ҳисса зиёдтар аз ҳаҷми умумӣ аст.

Ҳаҷми асосии хидматрасониҳоро ширкатҳои хусусӣ пешниҳод мекунанд. Зиёда аз 80%-и хидматрасониҳо ба онҳо ва ҳамагӣ ҳудуди 18% - ба корхонаҳои давлатӣ рост меояд. Бахусус саҳми тиҷорати хурду миёна назаррас буда, маҳз онҳо қариб 5 млрд сомонии гардишро таъмин кардаанд.

Сурат: Asia-Plus

Пойтахт ва минтақаҳо: фарқият чандин баробар

Душанбе маркази иқтисоди хидматрасониҳо боқӣ мемонад. Давоми 7 моҳи аввали соли равон дар ин ҷо ба маблағи 10,4 млрд сомонӣ хидматрасониҳо анҷом дода шудааст, ки 22% зиёдтар нисбат ба як соли пешин аст.

Барои муқоиса: дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда 3,3 млрд, вилояти Хатлон - 1,7 млрд, Ноҳияҳои тобеи марказ - ҳудуди 872 млн ва ВМКБ - 100 млн сомониро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи миёна оид ба хидматрасониҳо давоми моҳҳои январ-июл дар кишвар ҳудуди 1577 сомонӣ ба як нафарро ташкил додааст. Дар ин самт фарқият миёни минтақаҳо хеле аёну возеҳ ба назар мерасад: дар Душанбе ба ҳар сари аҳолӣ 8280 сомонӣ, вилояти Суғд - каме зиёдтар аз 1 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон - камтар аз 500 сомонӣ, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ - ҳар кадоме тақрибан 400 сомонӣ рост меояд. Ба ин тариқ, хароҷоти пойтахт қариб 5 маротиба аз сатҳи миёна зиёдтар аст.

Сурат: Asia-Plus

Кадом хидматрасониҳо аз ҳама зиёд серталабанд

Сокинони кишвар бештар аз хидматрасониҳои маишӣ истифода бурда, дар ин давра барои он 3,7 млрд сомонӣ масраф кардаанд, ки қариб 20% зиёдтар нисбат ба як соли пешин аст. Ба ин ҷо хидматрасониҳои сартарошхонаҳо, таъмири пойафзолу либос, хушкашӯйӣ (химчистка), устохонаҳои таъмиру мебелу техника, инчунин дигар хидматрасониҳои рӯзмарра дохил мешаванд.

Баъди ин хидматрасониҳо соҳаи алоқа қарор дорад, ки ба он қариб 2,9 млрд сомонӣ сарф шудааст. Ин телефон, интернет, алоқаи мобилӣ ва дигар хидматрасониҳои рақамӣ мебошанд. Дар идома хидматрасониҳои бонкӣ ҷойгиранд, ки афзоиши баландтаринро нишон додаанд - зиёда аз 1,5 баробар то 2,6 млрд сомонӣ. Ин категория интиқоли маблағ, қарзу комиссияҳо ва хидматрасонӣ ба кортҳоро дар бар мегирад.

Барои истифодаи нақлиёт низ маблағи зиёд харҷ мешавад - 1,9 млрд сомонӣ ва асосан ба нақлиёти мусофирбар. Барои таълим (соҳаи маориф) 1,3 млрд ва хидматрасониҳои тиббӣ - зиёда аз 700 млн сомонӣ масраф шудааст. Ба категорияи “дигар хидматрасониҳо” пардохтҳои коммуналӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ ва дигар хихматрасониҳо дохил буда, ҳаҷми онҳо ҳудуди 3 млрд сомониро ташкил додааст.

Сурат: Asia-Plus

Сохтори хароҷот ба сурати умум тариқи зайл аст: аз ҳар 3 сомонӣ қариб 1 сомониаш ба эҳтиёҷоти маишӣ, аз се як ҳиссаш - ба алоқа ва амалиёти бонкӣ сарф мешавад. Боқимонда байни нақлиёту маориф, тиб ва дигар соҳаҳо тақсим шудааст.

Сохтори хароҷот бо фоиз чунин аст:

- хидматрасониҳои маишӣ – 22,6%;

- алоқа – 17,7%;

- хидматрасониҳои бонкӣ – 15,9%;

- нақлиёт – 11,6%;

- маориф – 7,9%;

- тиб – 4,3%;

- дигар хидматрасониҳо – 18,6%.

Сурат: Asia-Plus

Хароҷоти рӯзмарра аз ҳама муҳимтар аст

Дар Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар аз хидматрасониҳои маишӣ истифода мебаранд ва инро фаҳмидан мумкин аст. Даромади аҳолӣ дар ин ҷо хеле камтар нисбат ба кишварҳои пешрафта буда, аз ин рӯ,одамон пеш аз ҳама маблағро ба он чизе сарф мекунанд, ки барои зиндагӣ ҳамарӯза лозим аст - либосу ҷомашӯйӣ, сартарошхона, нақлиёт.

Ин бахшҳо дар ҳама ҷо, ҳатто дар шаҳрҳои начандон бузург ва деҳот дастрасанд. Аз хидматрасониҳои гаронтар, масалан тиббӣ ва омӯзишу таълим (маориф) нисбатан камтар ба таври оммавӣ истифода мешавад: гоҳ-гоҳ ва мувофиқи имкон.

Агар вазъиятро бо дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳо бо иқтисоди пешрафта муқоиса кунем, ҳолат тамоман дигар аст. Дар Аврупо хароҷоти асосии оила ба манзил, тиб, маориф ва хидматрасониҳои молиявӣ сарф мешавад. Хидматрасониҳои маишӣ дар он ҷо 5-8%-и даромади оиларо ташкил медиҳанд. Масалан, дар ИМА хароҷот ба тандурустӣ (солимӣ) ба 15-20% расида, хидматрасониҳои маиширо ба хароҷоти майдаи иловагӣ мансуб медонанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сохтор ба Тоҷикистон наздиктар аст. Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хидматрасониҳои маишӣ ва нақлиёт дар ҷойи авваланд. Дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон хароҷот ба бонк маориф ва тиб торафт зиёд мешавад. Дар Туркманистон қисми зиёди хидматрасониҳо, аз ҷумла пардохтҳои коммуналӣ, нақлиёт ва алоқа дар бахши давлатӣ анҷом дода мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.