Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 500 млн доллари дигар ҷудо мекунад. Ин тасмими бонкро Ҷин Литсюн, президенти он дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, вохӯрии ҷонибҳо имрӯз, 1-уми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, бонки мазкур “дар татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод”.
“Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба нерӯгоҳи “Роғун” ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад”, - омадааст дар хабари расмӣ.

Бояд гуфт, ки барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони НБО “Роғун” Тоҷикистон ба 6,4 миллиард доллар ниёз дорад.
Дар аввал ҳукумат мақсад дошт, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо ба роҳ монда мешавад. Аммо дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб мекунад. Ҳамин тариқ, соли 2021 ҳукумати кишвар барои ҷалби сармоя ба шарикони байналмилалӣ муроҷиат кард. То ҳол чандин ниҳоди сармоягузории байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида барои сохтмони "Роғун" сармоягузорӣ кардаанд.
Таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) иштирок ва суханронӣ кардааст. Пас аз анҷоми ҷаласа сарони кишварҳои узви он 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанберо имзо кардаанд.
Роҳбари кишвар дар ҷаласаи СҲШ гуфтааст, ки таъсиси ин марказ дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боз мекунад.
Дар хабари расмӣ дар мавриди кай ва дар куҷо бунёд шудани ин марказ маълумот дода нашудааст.
“Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, раисҷумҳур бо дарназардошти имкониятҳои муҳити табии Тоҷикистон, иштирокдорони ҳамоишро “ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ” даъват кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома дар бораи муборизаи муштарак бо тундгароӣ, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, таҳдидҳои сайберӣ (киберӣ), гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳаҳову бахшҳои дигар суханронӣ кардааст.
Ба иттилои расмӣ, ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ карда, аз муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Дар ҳошияи ин нишаст, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бо Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон суҳбат карда, онҳо доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор кардаанд
"Сарони ҳар ду давлат аз раванди рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноат намуданд", - навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) ба Чин сафар кард. Ин вохӯрӣ рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар шаҳри Тянҷин сурат гирифт, ки дар он роҳбарони кишварҳои узви ин созмон ширкат карданд.






Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: ҳамаи 16 даста муайян ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳост
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста