Аз имрӯз, 1-уми сентябр, дар Тоҷикистон маош, нафақа ва идрорпулӣ аз 10 то 30% зиёд мешавад. Фармони зиёд кардани музди маош, нафақа ва идрорпулӣ (стипендия)-ҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 8-уми феврали соли ҷорӣ имзо имзо карда буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода навишт, бар асоси ин фармон ҳадди ақалли музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
“Яъне музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳамаи муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз 1-уми сентябри соли 2025 набояд аз 1000 сомонӣ кам бошад”, - зикр мешавад дар фармон.
То ин замон ҳадди ақалли маош дар кишвар 800 сомонӣ буд.
Ҳамин тавр, тибқи фармони раисҷумҳур маоши кормандони соҳаҳои зерин ба чунин миқдор зиёд мешавад:
- Маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф – 30%
- Маоши кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ – 20%
- Маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сартабиб, табиб, кормандони миёна ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ - 20%
- Маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, яъне кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ва дигар муассисаҳои соҳа – 20%
- Маоши кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг - 20%
- Маоши хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ҳукумат ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот – 20%
- Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо – 10%
- Идрорпулии донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) – 20%
Аз кадом ҳисоб?
Маблағи иловагӣ барои таъмини иҷрои фармони раисҷумҳур ва дар маҷмӯъ пардохти маош, нафақа ва идрорпулиҳо дар Буҷети давлатӣ барои соли 2025 пешбинӣ шудааст.
Бо қарори ҳукумат, аз ҷумла ба истифодаи воситаҳои буҷет барои маблағгузорӣ ба фонди музди меҳнат, воситаҳои бақияи озод, барзиёд иҷрошавии буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш дода мешавад.
Ҳамчунин барои таъмини маблағгузории иловагӣ барои кормандони буҷетӣ сарфаи воситаҳои моддаҳои ҳифзшудаи буҷет, бозтақсими дигар моддаҳои хароҷот, воситаҳои захиравии буҷети давлатӣ ва воситаҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ зикр мешавад.
Даромади буҷети давлатӣ барои имсол дар ҳаҷми 49,6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳудуди 65%-и он аз ҳисоби андоз ҷамъоварӣ мешавад. Мақомот нақша доранд, ки имсол андоз 20,8% зиёд ҷамъоварӣ гардад.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, маошу нафақа ва стипендияҳо зиёда аз 35% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро дар соли 2025 ташкил медиҳанд. Фонди музди меҳнат дар буҷет барои соли равон дар ҳаҷми қариб 13 млрд сомонӣ муқаррар шуааст, ки 35,7% зиёдтар аз буҷети соли 2024 мебошад.
Барои пардохти нафақа дар буҷети соли равон зиёда аз 5,1 млрд сомонӣ ва кумакпулиҳо - 350 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки мутаносибан 25,6% ва 25,8% зиёдтар нисбат ба буҷети соли гузашта аст.
Барои пардохти стипендияҳо дар соли равон дар буҷети соли ҷорӣ 280 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 26% зиёдтар нисбат ба буҷети соли 2024 аст.
Бояд гуфт, дар бораи боло бурдани маош ва нафақаву идрорпулӣ Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2024 дар паёми охири худ ба парлумони кишвар супориш дода буд.
Бояд гуфт, соли 2024 бо фармони раисҷумҳур маошу нафақа ва идрорпулиҳо аз 30 то 40% зиёд шуда буд.
Сарфи назар аз афзоиш, маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо якбора баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.






Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: ҳамаи 16 даста муайян ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳост
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста