Хуҷанд. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Бар асари як садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли кишвар се тан ҳалок ва як кӯдаки ноболиғ дар беморхона бистарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар кӯчаи марказии шаҳри Қайроққум ронандаи автомашинаи тамғаи хориҷии «Toyota», сокини 25-солаи ноҳияи Ғончӣ Бунёд Одинаев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба ду нафар занон бо кӯдаконашон бармехӯрад, ки аз роҳ мегузаштанд.

«Дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Неъматова, писари ноблиғи ӯ, хонандаи синфи 1 Наим Неъматов ва сокини 25-солаи шаҳри Қайроққум Дилрабо Турсунова ба ҳалокат расиданд. Айни замон писари 2-солаи Дилрабо Турсунова – Мирзомуҳаммад Турсунов дар беморхона аст», - гуфт манбаъ.