Шаш нафар кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯҳандиз», ки бештар бо исми корхонаи чарм маъруф аст, дар корхонаи мазкур ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи директори генералии корхона Мирзомиддин Шамсов, онҳо аз гази карбон нафасгир шудаанд.

«Ҳамаи коргарони ҳалокшуда мардонанд. Айни замон барои муайян кардани сабабҳои ҳодисаи рухдода моро ба додситонии ноҳияи Фирдавсӣ даъват карданд», - гуфт Шамсов.

То ҳанӯз дар бораи сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаи фоҷеабор ҳеҷ ҷузъиёти мушаххасе дастрас нест.