Шаби гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Данғара-Кӯлоб 7 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ» Ҳотам Бузмакови 31-сола аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст. Дар натиҷа автомобил чаппа шуда ба канал афтодааст. Ронанда ва мусофирони ӯ – Малика Шералиеваи 40-сола, Маҳбуба Шералиеваи 41-сола, Эҳсон Шералиеви 7-сола, Фасон Шералиеви 4-сола, Абдуҷаббор Холмуродови 2-сола ва Дилафрӯз Раҳматоваи 32-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигар – Баргӣ Исматоваи 37-сола, Умед Шералиеви 5-сола, Тоҷиддин Шералиеви 37-сола ва Баноз Шералиеваи 2-сола ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба бемористони Данғара мунтақил шудаанд.

Бар асоси маълумоти ВКД, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 5 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 11 нафар ҳалок ва 9 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.