Яке аз хонаҳои кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе мавриди ғорати мусаллаҳона қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ахири ҳафтаи гузашта ашхоси номаълум ба манзили зисти яке аз сокинони пойтахт ворид гардида, дасту пойи соҳибхонаро мебанданд ва сипас аз хона маснӯъоти заргарӣ ва пули нақд дар ҳаҷми умумии 50 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ мебаранд.

Соҳибхоназан Ф.Н.-и 21-сола гуфтааст, ғоратгарон чор нафари ниқобпӯш ва бо таппонча мусаллаҳ будаанд.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷустуҷӯйи ғоратгарон идома дорад», - гуфтанд дар ВКД.