Сарфи назар аз бориши зиёди барф ва якбора сард шудани ҳаво тайи рӯзҳои ахир, равуои нақлиёт тавассути ағбаҳо қатъ нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод.

Ба қавли вай, ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ва ағбаи Хобуробот манъ карда шудааст.

«Бо супориши мақомоти раҳбарии кумита дар километри 63-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб қароргоҳи наҷотдиҳандагони кумита ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он наҷотдиҳандагон, табибон ва аъзои гурӯҳи дастгирии техникӣ шомил буда, ба кӯмаку мусоидати саривақтӣ омодаанд», - зикр кард О.Нозимов.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар назди ҳукуматҳои ноҳияҳои кӯҳӣ ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда фаъолият доранд, ки доимо бо КҲФ ва МГ дар тамосанд.