Нимаи рӯзи 9-уми май дар Кӯли ҷавонон (собиқ Комосомол) як сокини ноҳияи Синои пойтахт ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матуботи КХФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, кормандони Маркази наҷотдиҳии кумита пас аз як соати ҳодиса ҷасади ӯро аз об берун оварда, ба кормандони милиса супурдаанд.

КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ дар робита ба оғози мавсими шиноварӣ (оббозӣ) аз шаҳрвандон дархост менамояд, ки зимни шиноварӣ дар кӯлу дарёҳои кишвар эҳтиёткор буда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Бино ба маълумоти КҲФ ва МГ, соли гузашта зимни шиноварӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои ҷумҳурӣ 118 шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.