Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб, боришоти пуршиддат тайи як моҳи ахир дар маҷмуъ ба хоҷагидории шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми 3,2 млн. сомонӣ хисорот овардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти мазкур хабар дод, аз ҳама бештар бахши кишоварзии ноҳияи Кӯлоб осеб дидааст. «Дар ин ҷо жола майдони 720 гектар кишти пунбадонаро хароб сохта, борони сел майдони 109 гектар заминҳои кишти зироати ғалладонаро шустааст. Ҳамчунин ба даҳҳо гектар заминҳои кишти картошка, сабзавот ва дигар зироатҳо низ зарар расонида шуда, ҳаҷми умумии зарар ба бахши кишоварзӣ дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ арзёбӣ шудааст», - гуфт сарчашма ва афзуд, ки ҳамчунин аз ин офати табиӣ иншооти пешгирии селҳо, рооҳҳои автомбилгард ва пулҳо низ осеб дидаанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар маҳаллаҳои аҳолинишин комиссияи махсус ҷиҳати муайян кардани зарари офат ба аҳолӣ машғули кор аст.