Бар асари садамаи нақлиёт роҳбари бахши муҳосиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Рафоат Чӯпоноваи 33-сола ба ҳалокат расид.

Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе, назди бинои шабакаи телевизиони «Сафина» рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и пойтахт хабар дод, Р.Чӯпонова зимни убури қисмати роҳгузар барои пиёдагардон зери мошини тамғаи BMW-и сокини 24-солаи пойтахт Х.А.мондааст. «Автомашинаи мазкур бо суръати баланд занро пахш кардааст», - гуфт манбаъ ва илова кард, ки нисбат ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷасади Р.Чӯпонова ба зодгоҳаш – ноҳияи Ҳамадонӣ фиристода шуда, дар он ҷо ба хок супурда мешавад.