Шоми рӯзи якшанбеи гузашта каме дуртар аз маҷмааи «Наврӯзгоҳ» сокинони шаҳри Душанбе – бародароне, ки яке 35-солу дигарӣ 33 сол дошт, ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади бародарон базудӣ аз ҷониби кормандони гурӯҳи фаврии кумита дарёфт шуда, ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, фавтидагон дар ин ноҳияи зиндагӣ мекунанд, супурда шуданд.