Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов сардори бахши Бозрасии давлатии автомобили шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 16-уми июн зимни ҳаракат дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба самти хиёбони Шерозӣ бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Хокиро Сӯфиев аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бармехӯрад.

«Бар асари ин садама ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Сироҷиддин Солеҳови 48-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид», - гуфта мешавад дар иттилои ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ, бо фармони вазири корҳои дохилӣ Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш ва аз сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуд.