Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани автомашина се нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд, садама рӯзи 27-уми июн дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ рух додааст. «Ронандаи 34-солаи автомашинаи тамғаи «Нива» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба дарёи сарозер меравад ва ронандаву ду нафар мусофирони он дар дарё ғарқ шудаанд», - гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии КҲФ шоми ҳамон рӯз ҷасади фавтидагонро дарёфт намуда, ба кормандони милисаи ноҳияи Айнӣ супурдаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки шоми 26-уми июн дар ҷамоати Чилгазии ноҳияи Исфара бар асасри боришоти шадид се омада, 22 манзили зисти сокинон осеб дидаанд. «Биноҳо ва заминҳои обчакории наздиҳавлигӣ бо лойқа пур шуда, дар ҷойи ҳодиса комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода машғули кор аст», - афзуд манбаъ.