Дар ноҳияи Истаравшан як соҳибхона ҳамсар ва келинашро ба қатл расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл бевақтии шаб дар манзили сокини 47-солаи ҷамоати Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан Ғайбулло Насруллоев ҷанҷоли оилавӣ рух дода, дар натиҷа соҳибхона ба ҳамсари 45-сола ва келини 23-солааш бо табар якчанд зарба мезанад.

«Аз ҷароҳатҳои бардошта ҳамсару келини Ғ.Насруллоев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Истаравшан мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 16 далели одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст.