Дар назди яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Хуҷанд шахсони номаълум се адад автомашинаро оташ заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шаби гузашта як шахси номаълум ба қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд занг зада, хабар медиҳад, ки дар назди бинои хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Ленин 162 се автомашина сӯхта истодаанд.

Ба иттилои манбаъ, ду автомашинаи тамғаи «Мерседес» ва як автомашинаи тамғаи «КИА» мавриди оташзанӣ қарор гирифтаанд. Як автомашина моли корманди бонк, автомашинаи дигар ба соҳибкор ва автомашинаи сеюм ба омӯзгор тааллуқ доштааст.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 255, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.