Дар ҷануби кишвар як сарбоз сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ карда, ахирӣ бар асари он ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, Пирмадбой Мамадалӣ, хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар шаби 7-уми июл дар посбонӣ қарор доштааст.

«Дар посгоҳ ӯ аз автомати Калашников ба сӯйи ҳамхизмати худ Хоҷамқулов тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Ғулом Бобоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки зерҳимояаш дар нишондодҳои аввалин гуфтааст, ҳангоми дар посгоҳ будан ҳаракати касеро ба сӯйи худ мушоҳида карда, ба ӯ огоҳӣ додааст, вале чун шахси ҳаракатдошта ба огоҳӣ итоат накардааст, сипас сӯйи вай тир кушодааст.

Адвокат мегӯяд, шояд прокуратура айбномаро ба дигар моддаи КҶ – «Ба марг расонидан бо сабаби беэҳтиётӣ» иваз созад.