Дар садамаи ҳавопаймои Судон як шаҳрванди Тоҷикистон – Акрам Ҳошимов ба ҳалокат расид, - хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти вазорати мазкур, Ҳошимов тибқи қарордод дар ширкати ҳавопаймоии хусусии «Алфа-1»-и Судон ба ҳайси штурмани ҳавопаймои Ан-26 фаъолият доштааст. «Айни замон мо маълумот дар бораи макони зисти доимии Ҳошимовро дар даст надорем. Бо расидани маълумот дар ин хусус, масъалаи интиқоли ҷасади ӯ ба маҳалли иқоматаш ҳал хоҳад шуд», - гуфтанд дар ВКХ ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми август ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Алфа-1»-и Судон дар 650 километрии пойтахт кишвар Хартум ба садама дучор гардида, ҳамаи 31 нафари дар дохили ҳавопаймо қарордошта ба ҳалокат расиданд.