Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар осеб диданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садама рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар роҳи мшингарди Хуҷанд-Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Фарҳод Расулови 33-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, 7 нафар роҳгузаронро бо автомашина пахш мекунад, ки миёни онҳо 2 нафар кӯдакон низ будаанд.

«Бар асари садама ҳамаи осебдидагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, вале баъдтар яке аз осебдидагон – Дилрабо Мақсудоваи 47-сола ҳалок шудааст», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 6 нафар ҳалок ва 9 тан ҷароҳат бардоштаанд.