Бар асари сӯхторе, ки субҳи рӯзи 27-уми декабр дар манзили сокини 52-солаи ноҳияи Мӯъминобод Азизхон Одинаев сар зад, писараш, маъюби дараҷаи сеюм Каримхон Одинаеви 19-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сӯхтор дар натиҷаи истифодаи нодурусти шамъ ба амал омадаааст. «Оташ майдони ҳудуди 90 метри мураббаъи манзилро фаро гирифта, маблағи умумии хисорот беш аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», - гуфта мешавад дар иттилои ВКД.