Рӯзи нахусти соли нав дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари таркиши баллони газ соҳибхона Мӯниса Исоева ва фарзандони ноболиғи ӯ – Марями 3-сола ва Муҳаммадҷони 5-сола ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз таркиш ҳамчунин падари зани ҳалокшуда ва ҳамсараш низ осеб дида, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. «Дар натиҷаи таркиш дар манзил сӯхтор сар зада, зимни хомӯш кардани он се нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ низ ҷароҳат бардоштанд ва айни замон сабабҳои таркиш муайян карда мешаванд», - гуфтанд дар ВКД.

Зикр гардид, ки се рӯз қабл дар ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен низ бар асари истифодаи нодурусти баллони газ як кӯдаки 2-сола фавтидааст. Боз чор нафар аъзои оила ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуда буданд.