Зимни нишасти матбуотӣ раҳбари Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Дӯсталӣ Худоёров изҳор дошт, ки хисороти офатҳои табиии ВМКБ дар соли гузашта наздики 7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2011 се маротиба бештар аст.

Ӯ қайд намуд, ки тӯли ин муддат дар натиҷаи сел ва тармафароӣ ду нафар сокинони ноҳияи Шуғнон ҳалок шуда, 11 манзили истиқоматӣ пурра ва 89 адади дигар қисман хароб шудаанд. «Ба бахши кишоварзӣ, энергетика ва роҳу алоқа хисороти бештар расид», - иброз дошт вай.

Ба қавли Худоёров, барои барқарор намудани манзилҳои истиқомати аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ва созмони байналмилалии башардӯстонаи «Глобал Партнерс» маблағ ва масолеҳи сохтмон ҷудо карда шудаанд. «Феълан аз шумори умумии хонаҳои харобгардида 6-тояшон пурра барқарор ва панҷ манзили боқимонда баҳори соли равон барқарор хоҳанд шуд», - афзуд номбурда.